Ru  | Tj
Муҳриддин дар нишасти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳриддин дар нишасти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ кард
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Муҳриддин дар нишасти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ кард

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, нишасти сеюми Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дирӯз дар Деҳлӣ баргузор шуд ва дар он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва пайванди байниминтақавиро баррасӣ карданд.

Манбаъ мегӯяд, Муҳриддин зимни суханронӣ дар ин нишаст таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими бештари фаъолияти абзори Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир менамояд.

Мусоидат ба раванди иҷрои лоиҳаҳои бузурги зерсохториву нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонии иқтисоду тиҷорат ба манзури тақвияти иқтидори содиротии кишварҳо ва дар ин баробар масъалаи Афғонистон аз меҳварҳои аслии ин нишаст буд.

Бояд гуфт, ки нишасти қаблии Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ моҳи октябри соли гузашта дар шакли видеоконфронс баргузор гардида буд.

Пешбурди ҳамгироӣ ва шарокат дар минтақа ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аз ҳадафҳои аслии ин Муколама унвон мешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин бо Лю Бин дидор ва масъалаи густариши ҳамкориҳоро бо Чин баррасӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед