Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Муҳриддин дар Риëз бо вазирони хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд
Нашр шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Риëзи Саудӣ бо вазирони хориҷии кишварҳои Қатар, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва Салтанати Уммон ба таври алоҳида дидору гуфтугӯ кард.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз 7-уми сентябр дар Риëз роҳбари ин ниҳод бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт доктор Аҳмад Носир ал Муҳаммад ал Сабоҳ ва Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр ибни Ҳамад ал- Бусаидӣ мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқотҳо масоили рушди ҳамкории дуҷониба, ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баҳсу баррасӣ шудаанд.
Бояд гуфт, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи гузашта ба манзури ширкат дар нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ба шаҳри Риëзи Арабистони Саудӣ рафта буд. Дар ин нишаст Баёнияи муштарак ва Харитаи роҳи ҳамкориҳои муштарак кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ барои солҳои 2023-2027 қабул гардид.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед