Ru  | Tj
Муҳриддин: Масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон беасос ба СММ кашида шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳриддин: Масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон беасос ба СММ кашида шуд
Акс: Интернет

Муҳриддин: Масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон беасос ба СММ кашида шуд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки масоили ҳаллуфасли хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон беасос ба Маҷмаи Умумии СММ кашида шуданд.

Ба гузориши "Ховар", Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии СММ ба масъалаи танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон низ дахл кард.

Аз ҷумла, Сироҷидин Муҳриддин гуфт, ки роҳбарияти кишвари ҳамсоя дар суханрониаш дар бораи фавти шаҳрвандони худ ва хисороти моддӣ хабар дода, чунин вонамуд кард, ки ин мусибат дар сарҳад танҳо онҳоро дарёфт, дар ҳоле ки дар натиҷаи пархошкории ҳарбӣ аз тарафи Қирғизистон зиёда аз 40 нафар кушта ва наздики дусад шаҳрванди мулкии Тоҷикистон захмӣ шуданд.

Вазири тоҷик таъкид дошт, ки дар миëни захмиву кушташудагон занҳои ҳомила, кӯдакону калонсолон, духтурон, инчунин мусулмонҳои ботақво – ширкаткунандагони маросими ҷаноза дар масҷид низ будаанд.

Муҳриддин ҳамчунин зикр намуд, ки мусибати рухдода дар навоҳии сарҳадӣ тасодуфӣ нест ва ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта ҳамсояҳои мо ба пархошкорӣ (агрессия) омодагӣ медиданд, ки дар бунёди инфрасохтори ҳарбӣ дар наздикии марзҳои мо мушоҳида мешуд.

Ин мақоми баландпояи Тоҷикистон афзуд, ки "Дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон мо даҳҳо протокол имзо кардаем. Аммо, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд".

Вазири тоҷик таъкид дошт, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст, дар ҳоле ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расида буданд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар идома ба ин нукта тамаркуз кард, ки маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд.

Вазири хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бори дигар ëдрас намуд, ки

масъалаҳои сарҳадӣ бо изҳороти ҳавоӣ ва эҷоди ҳолатҳои буҳронӣ ҳал намешаванд, балки дар ин замина кори ҳаррӯзаи муштарак ва ботафаккури ба ҳусни нияти тарафҳо асосёфта лозим меояд.

Бояд гуфт, ки Президенти Қирғизистон қаблан дар суханронии худ дар Маҷмаи Умумии Созмони милал  кишварашро ҳамчун ҷабрдида дар муноқишаҳои марзӣ нишон додан хоста буд, ки ин ба вокуниши сахти ҷониби Тоҷикистон рӯбарӯ гардид. Ҷониби Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки нооромии ахир дар марзи ду кишвар чун дафъаҳои пешин дар пайи оташкушоии ҷониби Қирғизистон оғоз шудааст.

Сармоягузорони Свердловск дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки саноатӣ месозанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед