Ru  | Tj
Муҳриддин ва Грин муносиботи Тоҷикистону Амрико ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муҳриддин ва Грин муносиботи Тоҷикистону Амрико ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳриддин ва Грин муносиботи Тоҷикистону Амрико ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо Ёвари махсуси Президенти Амрико Эрик Грин масоили марбут ба муносиботи Душанбеву Вашингтонро баррасӣ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк бо Ёвари махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳида ва Мудири аршад оид ба Русия ва Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллии ин кишвар Эрик Грин мулоқот намуд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчунин тарафҳо роҷеъ ба таҳаввулоти охир дар Афғонистон, аз ҷумла вазъи сиёсию амниятӣ дар ин кишвар табодули назар кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз дар Ню-Йорк бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори қолаби «С5+1» баргузор гардида буд ва мавзӯи аслии он ҳам вазъи Афғонистон буд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша гуфтааст хостори сулҳи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя ва таъсиси ҳукумати ҳамашумул аз сӯи Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон) аст.

Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро зимни суханронии хеш имрӯз дар Маҷмаи Умумии Созмони милал ба гӯши ҷаҳониён расонд.

Баррасии равобити ҳавоии Тоҷикистону Русия дар онлайн мулоқот



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед