Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Муҳтавои китобҳои дарcии торихи халқи тоҷик аз нав арзёбӣ мешавад
Нашр шуд
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни як ҷаласа масъалаи арзёбии китобҳои дарсии торихи халқи тоҷик ва зарурати таҳияи китоби дарсӣ аз фанни нуҷум (астрономия)-ро баррасӣ кард.
Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот арзёбии китобҳои дарсии фанни торихи халқи тоҷик аз синфи 5 то 11 ва таҳияи барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанни нуҷум барои синфҳои 10-11-уми мактабҳо матраҳ шуд.
Рустам Пиракзода, раҳбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки 47 номгӯй адабиёти таълимӣ барои зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии касбӣ баъд аз арзёбӣ шудан аз ҷониби муқарризон ва гурӯҳи коршиносон барои баррасӣ ва тасвиб пешниҳод шудааст.
Вобаста ба масъалаи таҳияи барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанни нуҷум барои синфҳои 10-11-уми мактабҳо зикр шуд, ки бояд барномаи таълим ва китоби дарсии фанни мазкур, ҳамчунин маводи дидактикӣ аз фанни нуҷум (дафтари корӣ, маҷмуаи масъалаҳои нуҷумӣ, маҷмуаи корҳои озмоишгоҳӣ аз нуҷум, маҷмуаи мушоҳидаҳои нуҷумӣ, хрестоматияи нуҷумӣ) таҳия ва нашр карда шаванд.
Фарҳангистони таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ вазифадор шуданд, ки дар муддати 3 моҳ бо ҳамкории олимон ва мутахассисони соҳа барномаи таълим ва китоби дарсии фанни нуҷум дар синфҳои 10-11-умро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд.
Дар охир бо назардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм арзёбӣ шудани адабиёти таълимӣ, таҳияи дастурҳои методӣ вобаста ба равияҳо барои донишомӯзону омӯзгорони мактабҳо ба мураттибону муаллифон, ҳамчунин ҳавасмандсозии аъзои Шӯрои миллии таҳсилот ва тақризгарон супориш дода шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар Рӯзи дониш – 1-уми сентябр Вазорати маориф ва илм, Фарҳангистони улум ва Фарҳангистони таҳсилоти Тоҷикистонро вазифадор кард, ки барои бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва торихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҷӯӣ карда, роҳкори таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд.
Тибқи омори расмӣ, дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як милён нусха чоп шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед