Ru  | Tj
Мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 21 дарсад афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 21 дарсад афзоиш ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 21 дарсад афзоиш ёфт

Нашр шуд

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба беш аз 454 милён долар расид.

Тибқи иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми муомилоти мутақобилаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Русия дар моҳҳои январ-марти соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад афзуда, беш аз 454,2 милён доларро ташкил дод.

Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-марти соли равон аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 433,1 милён долар ва аз Тоҷикистон ба маблағи 21,1 милён долар маҳсулот содир шудааст.

Натоиҷи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли 2024 ҳокӣ аз он аст, ки Русия дар миёни шарикони тиҷоратии ин кишвар дар ҷойи аввал аст. 

Ҷумҳурии мардумии Чин дувумин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки дар ин муддат ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ миёни ду ҳудуди 421,3 милён доларро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи соли гузашта 28,2% афзоиш ёфтааст.

Миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил дар ҷойи дувум Қазоқистон қарор дорад, ки дар ин муддат ҳаҷми тиҷораташ бо Тоҷикистон ба 328,2 милён долар расидааст ва 5,7% афзоишро нишон медиҳад. 

Аз сӯйи дигар ин муддат тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Белорус низ 2,5 баробар афзоиш ёфта, ба ҳудуди 45,6 милён долар расидааст.

Бояд гуфт, ки дар умум ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 беш аз 2,1 милярд доларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,7% афзоиш ёфтааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед