Ru  | Tj
Муфтии Тоҷикистон дар як ҳамла захмӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муфтии Тоҷикистон дар як ҳамла захмӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Муфтии Тоҷикистон дар як ҳамла захмӣ шуд

Нашр шуд

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 11 сентябр баъди намози аср дар назди масҷиди марказии Душанбе бо корд захмӣ шуда, ҷинояткор боздошт гардид.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

"Соати 17:20-дақиқа, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ баъди намоз дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба бадани раиси уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд", - гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳангоми андешидани чорабиниҳои фаврӣ аз сӯи мақомоти корҳои дохилӣ, ҷинояткор сари вақт дастгир карда шуд. Ному насаб ва синну соли фарди боздоштшуда эълон нашудааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳамла Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси табибон ба хонааш мураххас шуд.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол мусулмонони Русия "ҳамлаи ваҳшиёна" ба муфтии Тоҷикистонро маҳкум карданд.

Идораи динии мусалмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳои Русия ҳамлаи ваҳшиёна ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзодаро маҳкум мекунанд.

Дар ин бора Рушан Аббясов, муовини раиси Идораи динии мусулмонони Русия ба ТАСС хабар дод.

"Идораи динии мусалмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳои Русия ҳамлаи ваҳшиёна ба муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзодаро қотеона маҳкум мекунанд. Ин як амали ошкори хушунатест, ки на танҳо алайҳи як пешвои муътабари руҳонӣ, балки бар зидди тамоми мардуми некхоҳ ва зидди сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронида шудааст», - гуфт Аббясов.

Гуфтанист, Саидмукаррам Абдулкодирзода 61 сол дошта, аз соли 2010 инҷониб раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аст. Абдуқодирзода номзади илмҳои филологӣ буда, маълумоти диниро дар Донишгоҳи байналмилалии исломии шаҳри Исломободи Покистон гирифтааст.

Бояд гуфт, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ягона ниҳоде дар ин кишвар аст, ки дар асоси шариати ислом ҳаққи содир кардани фатворо дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед