Ru  | Tj
Муфтии Тоҷикистон гуфт, ки Толибон аз ислому мусулмонӣ хеле дур ҳастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муфтии Тоҷикистон гуфт, ки Толибон аз ислому мусулмонӣ хеле дур ҳастанд
Акс: Тоҷикматлубот

Муфтии Тоҷикистон гуфт, ки Толибон аз ислому мусулмонӣ хеле дур ҳастанд

Нашр шуд

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, коре, ки имрӯз Толибон* (*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон) мекунанд, аз ислом нест.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суҳбати худ бо накуҳиш аз рафторҳои Толибон* гуфт, ки “агар мо таърихи гузаштаи Толибон* ва таърихи чандрӯзаи онҳоро ба назар гирем, мебинем, ки онҳо дар оянда ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба тамоми давлатҳои дуру наздик хатари ҷиддӣ доранд”.

Абдуқодирзода дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Ховар” бо ишора ба даст задани Толибон* ба қатли занону кӯдакон таъкид дошт, ки аъзои ин ҳаракати террористӣ, ки худро имрӯз давлати исломӣ эълом кардаанд, аз дини мубини ислом ва мусулмониву раҳму шафқат хеле дур ҳастанд.

Муфтии Тоҷикистон афзуд, ки ислом дини раҳму шафқату меҳрубонӣ аст ва агар Толибон* исломи ҳақиқиро нишон медоданд, тамоми олам қабулашон мекард ва давлаташонро ба расмият мешинохт.

“Исломи воқеӣ - саодати инсонист. Толибон* аз номи Ислом корҳои касиф намуда, ин дини муқаддасро доғдор карданиянд”,- иброз намуд Абдулқодирзода.

Вай изҳори тааҷҷуб кард, ки наход дар байни ин гурӯҳ ягон нафари босаводе набошад, ки онҳоро роҳнамоӣ намояд, ки дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд ё ислом чӣ мегӯяд.

Тибқи навиштаҳои васоити ахбори омма, имрӯзҳо Толибон* пас аз ғасби Ҳукумат дар Афғонистон бар хилофи ваъдаҳои худ дубора даст ба аъмоли ғайриинсонӣ мезананд. Аз ҷумла, дар расонаҳо бобати наслкушии онҳо дар Панҷшер, ягона минтақа дар Афғонистон, ки ҳанӯз ба тасарруфи ин гурӯҳ надаромадааст, сухан меравад.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу тасвири бадрафтории онҳо нисбат ба занону кӯдакон нашр шудаву вокунишҳои зиёде атрофи онҳо садо медиҳанд.

Ҷангиёни ҳаракати Толибон* чанд моҳи охир ба навбат қариб ҳамаи музофотҳои Афғонистонро забт карда, 15-уми август вориди Кобул шуданд ва пойтахти ин кишварро низ ишғол карданд.

Толибон* 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати хешро муаррифӣ карданд ва коршиносон онро ҳукумате танҳо аз намояндагони қавми паштун хонданд.

Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед