Ru  | Tj
Мухриддин ва Ардакониён густариши равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мухриддин ва Ардакониён густариши равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мухриддин ва Ардакониён густариши равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Мухриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, ки дар мулоқоти Сироҷиддин Мухриддин ва Ризо Ардакониён, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон аст, масъалаҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ барассӣ шудааст.

Манбаъ афзудааст, ки тарафҳо ҳамчунин ба мавъзӯъҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.



Омӯзгорони Афғонистон барои такмили ихтисос ба Душанбе меоян

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед