Ru  | Tj
Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд
Акс: ASIA-Plus

Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд

Нашр шуд

Ҳаракати террористии Толибон (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) рӯзи гузашта ҳангоми нишасти матбуотӣ дар шаҳри Кобул ҳайати ҳукумати худро муаррифӣ кард.

Ба иттилои "Азия-плюс", роҳбари нави ҳукумат Мулло Ҳасан Охунд интихоб шуда, ӯ қаблан сарвари шӯрои лидерони Толибон будааст. Охунд зодаи Қандаҳор буда, яке аз асосгузорони ҳаракати Толибон маҳсуб меёбад.

Мулло Ғанӣ Бародар ва Мавлавӣ Абдусалом Ҳанафӣ вакилони Охунд интихоб шудаанд. Бародар қаблан масъалаҳои сиёсии ҳаракати Толибонро пеш мебурд.

Мулло Ҳайбатулло Охундзода пешвои олии Афғонистон интихоб шуд.

Ҳамчунин, Сироҷиддин Ҳоққонӣ, писари асосгузори шабакаи террористӣ "Ҳоққонӣ", роҳбари Вазорати корҳои дохилӣ таъин шуд.

Писари асосгузори ҳаракати Толибон Муҳаммад Умар Ёқуб Вазири мудофиа шуд. Аз соли 2020 ӯ амалиёти низомии Толибонро роҳбарӣ мекард.

Ба ҳамин минвол, Амирхон Мутаккӣ роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистонро ба ӯҳда гирифт. Пас аз ҳодисаи соли 2001 номбурда солҳои тӯлонӣ дар Покистон паноҳ бурда, аммо солҳои охир дар музокироти Қатар иштирок дошт.

Роҳбарии Вазорати иктишоф ба ӯҳдаи Абдул Ҳақ Восиқ гузашт. Ӯ дар асорати Амрико қарор дошт. Солҳои 2002-2014 номбурдаро дар пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Гуантанамо нигоҳ доштанд. Дар натиҷа Восиқро бо низомии амрикоӣ, ки дар асорати ҷангиёни "Ҳоққонӣ" буд, мубодила намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Толибон Вазорат оид ба корҳои занонро барҳам доданд.

Толибон роҳбари нави ҳокимияти Афғонистонро эълон карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед