Ru  | Tj
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ориф Алвӣ ва барасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ориф Алвӣ ва барасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ориф Алвӣ ва барасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон

Нашр шуд

Рӯзи 2-юми июн раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии исломии Покистон сафари корӣ анҷом дода, нахуст бо Президенти ин кишвар Ориф Алвӣ мулоқот намуд.

Чӣ тавре, ки Хадамоти матбуоти президент иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.

Ба таъкиди манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Татбиқи лоиҳаи САSA-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон - Карочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳимми таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд зарур шуморида шуд.

Дар мулоқот инчунин масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ низ дар маркази диққат тарафайн буда, он ҳамчун пояи устувор дар рушди муносибати кишварҳо маънидод гардидааст.

Инчунин, масъалаи таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз тарафи ҷонибҳо баррасӣ карда шудааст. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.

Мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед