Ru  | Tj
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам Минниханов дар шаҳри Қазон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам Минниханов дар шаҳри Қазон
Акс: аз манбаъҳои боз

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам Минниханов дар шаҳри Қазон

Нашр шуд

Ду ҷониб масоили таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Тотористонро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карданд.

Рӯзи 24 октябр дар шаҳри Қазон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Рустам Минниханов, раиси ҷумҳурии Тотористони Русия мулоқот намуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Рустам Минниханов таъкид кард, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин замина зикр шуд, саҳми Тотористон дар ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50 миллион доллар аст, аммо бо назардошти имконоти мавҷуда метавон онро афзоиш дод.
 
Инчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Тотористон дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, маъдан, нафту газ, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон диққати хоса зоҳир карданд.

Аз сӯи дигар густариши ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Қазон дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф низ зарур шумурда шуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи сентябр Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фановариҳои нави Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Тотористон дар Душанбе хабар дод, ки ширкати "Татнефт" –и Тотористон нақша дорад, то яке аз бузургтарин корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"-ро фаъол кунад.

Иқтидори пешбинишудаи корхонаи мазкур коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт дар як сол аст, аммо аз сабаби нарасидани ашёи хом роҳандозии он ба таъхир гузошта шуд.

Ҳамчунин дар доираи ин ҳамоиш дар Душанбе эълон шуд, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 бурсияи таҳсилӣ аз рӯи 18 ихтисос ҷудо мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед