Ru  | Tj
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон
Акс: Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон

Нашр шуд

27 –уми апрели соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон Нисораҳмад Ғӯриёнӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, нафту газ, иктишоф ва истихроҷи маъдан мавриди муҳокима қарор гирифт.

Н. Ғӯриёнӣ изҳор намуд, ки тасмим дорад дар наздиктарин фурсат бо ҳайати тоҷирони муваффақи Афғонистон ба Тоҷикистон сафар намояд ва бо мақомоти Тоҷикистон перомуни таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ суҳбатҳо дошта бошад. Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои густарда метавонем дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳо муваффақиятҳои назаррас ба даст орем.

Нишасти матбуотии сафири Тоҷикистон дар Русия

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед