Ru  | Tj
Муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо густариш меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо густариш меёбад
Акс: Sputnik

Муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо густариш меёбад

Нашр шуд

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон 22 -уми ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеп Боррелл масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дидору сӯҳбат кардааст.

Дар ин мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат бар густариши ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо таъкид карда ва онро сабаби пешрафти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хондааст.

Бино ба гузориши Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ду ҷониб зимни мулоқот масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои судмандро арзиёбӣ намудаанд.

Дар поёни ин мулоқот, бар густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон таъкиди махсус сурат гирифтааст.

Мухриддин ва Ардакониён густариши равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед