Ru  | Tj
Мунтахабҳои Қирғизистон ва Узбекистон ба Ҷоми футболи Осиё миёни ҷавонон роҳ ёфтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мунтахабҳои Қирғизистон ва Узбекистон ба Ҷоми футболи Осиё миёни ҷавонон роҳ ёфтанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Мунтахабҳои Қирғизистон ва Узбекистон ба Ҷоми футболи Осиё миёни ҷавонон роҳ ёфтанд

Нашр шуд

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қирғизистон ва Узбекистон роҳхат ба Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20-сола, ки соли 2025 дар Чин баргузор мешавад, ба даст оварданд. Тими Тоҷикистон натавонист ба Ҷоми Осиё роҳхат бигирад.

Ғолиби мусобиқаи гузашта дастаи Узбекистон дар ҳамаи чаҳор бозии гурӯҳи “В” бо ҳисоби умумии 21:1 пирӯз шуда, мақоми аввалро касб кард. Дастаи Узбекистон дар даври гурӯҳӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа (7:0), Непал (6:0), Тайван (3:1) ва Баҳрайн (5:0) пирӯз шуд. 

Камбоҷа дар гурӯҳ ҷои дуюмро гирифт, аммо барои роҳхат ба қисми ниҳоии мусобиқот холҳои кофӣ надошт.

Дастаи Қирғизистон бо Туркманистон, Мянмар ва Ҷопон дар як гурӯҳ қарор гирифт. Тими Қирғизистон бар Туркманистон (1:0) ва Мянмар (2:0) пирӯз шуда, дар даври ниҳоӣ бо ҷопониҳо мусовӣ (1:1) кард.  Дастаи Туркманистон аз Ҷопон (0:2) шикаст хӯрд, аммо бар Мянмар пирӯз шуд (4:1). Бо ин вуҷуд  имтиёзҳои тими Туркманистон барои ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми Осиё кофӣ набуд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи I Ҷопон ва Қирғизистон ҳар кадом 7-имтиёзӣ ба даст оварда, ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд.

 Дастаи ҷавонони Тоҷикистон ғайричашмдошт бозии заиф нишон дод. Рақибони ҷавонони тоҷик дар гурӯҳи «Е» тимҳои Кореяи Шимолӣ, Малайзия, Уммон ва Шри-Ланка буданд. 

Тоҷикистон бар Малайзия (1:0) ва Шри-Ланка (3:0) пирӯз шуд, вале аз  Кореяи  Шимолӣ (0:2) ва Уммон (1:3) шикаст хӯрд.  Бо вуҷуди он, ки тоҷикон бо 6 имтиёз дар ҷои дуввум дар гурӯҳ қарор гирифтанд, ин барои дарёфти роҳхат бар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё кофӣ набуд.  Дар ин гурӯҳ дастаи ҷавонони Кореяи Шимолӣ  ҷои якумро гирифт.

Бояд гуфт, ки Ҷоми футболи Осиё миёни ҷавонони то 20-сола аз 6 то 23 феврали соли 2025 дар Чин баргузор мешавад. Дар мусобиқа 16 даста иштирок мекунад. Аз ин миён чаҳор дастае, ки ба нимфинал роҳ меёбанд ба Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни ҷавонони то 20-сола дар Чили роҳ меёбанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед