Ru  | Tj
Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани “Ҷоми Наврӯз” ба Ӯзбекистон меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани “Ҷоми Наврӯз” ба Ӯзбекистон меравад
Акс: Интернет

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани “Ҷоми Наврӯз” ба Ӯзбекистон меравад

Нашр шуд

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар сабқати байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2022”, ки дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби футболи кишвар дар мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022”, ки аз 25-ум то 29-уми март дар Намангони Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат мекунад. 

Ин аввалин сабқати байналмилалист, ки баъди сармураббии тими миллии кишвар таъин шудани мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳузур пайдо мекунад.  

Гуфта мешавад, дар «Ҷоми Наврӯз-2022» чаҳор дастаи миллӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда байни ҳам сабқат мекунанд. 

Ин мусобиқа аз сӯи Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ташкил шуда, тими Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ ба муқобили дастаи Уганда ба майдон мебарояд ва дар ҳолати пирӯз шудан бо ғолиби ҷуфти  дигар  - Ӯзбекистону Қирғизистон дар финал бозӣ мекунад. 

Бояд гуфт, ки Петр Сергт моҳи январи имсол сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон таъин шуда буд.  Вазифаи аслие, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба пеши мутахассиси хорватӣ гузоштааст,  омода намудани тими миллӣ ба марҳалаи интихобии Қаҳрамони Осиё-2023  мебошад.


Ғолибияти Норвегия: Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин хотима ёфт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед