Ru  | Tj
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷаҳон - 2024 рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷаҳон - 2024 рафт
Акс аз ФФТ

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷаҳон - 2024 рафт

Нашр шуд

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои гусели тими миллӣ ба Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи футзал, ба фурудгоҳи Душанбе омад.

Тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳадафи иштирок дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон - 2024 озими шаҳри Тошканди Узбекистон гардид, иттилоъ дод ФФТ.

Тими мунтахабро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Хуршед Мирзо, ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ва котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов гусел карданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал-2024 аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон ҷараён хоҳад дошт.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” зӯрозмоӣ мекунад. Ҳарифи нахустини яккачини Тоҷикистон мунтахаби Марокаш мебошад, ки рӯзи 16 сентябр зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Бо мунтахаби Португалия футзалбозони тоҷикистонӣ 19 сентябр вориди майдон мешаванд ва ниҳоят бо Панама 22 сентябр нерӯ месанҷанд.

Ду бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва вохӯрии сеюм дар Бухоро дар назар мебошад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал қабл аз сафар ба мусобиқаи қаҳрамонӣ, дар охирин рақобати санҷишии худ бар тими миллии Нидерландҳо бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед