Ru  | Tj
Мунтахаби футзали Тоҷикистон Ҷоми Осиëро бо пирӯзӣ оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мунтахаби футзали Тоҷикистон Ҷоми Осиëро бо пирӯзӣ оғоз кард
Акс: Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Мунтахаби футзали Тоҷикистон Ҷоми Осиëро бо пирӯзӣ оғоз кард

Нашр шуд

Тими футзали Тоҷикистон дар бозии нахустини худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қувайт пирӯзӣ ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бегоҳи дирӯз тими мунтахаби футзали кишвар дар аввалин бозии худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қувайт дастаи Баҳрайнро бо ҳисоби 4 бар 3 шикаст дод.

Голҳои дастаи Тоҷикистонро Умед Қузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров вориди дарвозаи ҳариф намудаанд.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиë  16 тими мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ байни ҳам сабқат мекунанд ва дастаҳое, ки имтиëзи бештар ба даст меоранд, ба марҳалаи плей-офф роҳ меëбанд.

Манбаъ меафзояд, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "В"- и ин мусобиқот қарор дорад ва пас аз Баҳрайн акнун ба масофи мунтахаби Ӯзбекистон ва Туркманистон меравад.

Дар ҳамин ҳол, дар бозии дигари гурӯҳи "В" тими Ӯзбекистон дирӯз мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби бузурги ҳашт бар сифр шикаст дод.

Бояд гуфт, ки тамоми бозиҳои Ҷоми Осиë оид ба футзал дар варзишгоҳи “Саъд ал-Абдулло” аз 27-уми  сентябр то 10-уми октябр дар Қувайт баргузор мешаванд. Тоҷикистон дар даври навбатӣ  рӯзи 29-уми сентябр бо Ӯзбекистон вориди сабқат мешавад.

Дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарëфти Ҷоми Президент доир мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед