Ru  | Tj
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио рафт
Акс: Кумитаи миллии олимпӣ

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио рафт

Нашр шуд

Варзишгарони тоҷик субҳи имрӯз бо ҳавопаймо равонаи Токио, макони баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар маросими гусели варзишгарон Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагони дигар ниҳодҳои марбут иштирок доштанд.

Дар 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Ҷопон баргузор мешавад, кишвари моро дар чор ришта даҳ варзишгар: Усмонов Баҳодур, Негматуллоев Шаббос, Зуҳуров Сиёвуш (бокс), Маҳмадбеков Сомон, Муродов Акмал, Устопириён Комроншоҳ, Раҳимов Темур (ҷудо), Аҳмадиев Илдар (варзиши сабук), Тюрина Анаста намояндагӣ мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки Гулсумбӣ Шарифова, варзишгари дигари тоҷик, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занҳо роҳхат ба даст оварда буд, ба иллати ҷароҳат бардоштан ба Токио рафта натавонист.

Қаблан Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфта буд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибону ҷоизадорони бозиҳои олимпии Токио – 2020 аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳад дод.

Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио, аз 23-юми июл то 8-уми август дар Ҷопон баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар таърихи даврони соҳибистиқлолӣ дар бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.



Ҷоми Аврупоро шогирдони Манчини ба Рим бурданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед