Ru  | Tj
Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳонии муҳорибаҳои омехта мақоми дувумро касб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳонии муҳорибаҳои омехта мақоми дувумро касб кард
Акс: Аз манбаъҳои боз

Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳонии муҳорибаҳои омехта мақоми дувумро касб кард

Нашр шуд

Паҳлавонони Тоҷикистон дар нахустин Қаҳрамонии ҷаҳонии муҳорибаҳои омехта MMA WORLD шаш медал ба даст оварданд. Мусобиқа дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия аз 21 то 24 ноябр таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалӣ баргузор шуд.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 варзишгар намояндагӣ карданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории «Азия-Плюс».

Гуфта мешавад, ки тибқи натоиҷи набардҳо Муҳаммадкабир Назарзода ва Шуҳрат Миравазов барандагони медалҳои нуқра ва Масрур Холзода, Кароматулло Расулов, Мудассир Сайвалиев ва Зикрулло Абдуназаров барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон ҷои дуюмро гирифт.

Илова бар ин, дар чаҳорчӯби мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон конгресси Иттиҳодияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта (MMA World) баргузор шуд, ки дар он Пӯлод Назаров, раиси Федератсияи муҳорибаи омехтаи Тоҷикистон ба узвияти садорати World MMA Association интихоб шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед