Ru  | Tj
Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» ширкат мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» ширкат мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» ширкат мекунад

Нашр шуд

Футболбозони тими миллии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоми «King’s Cup» дар Тайланд мубориза хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Тайланд дар рӯзҳои ФИФА моҳи октябр дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки дар Тайланд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Барои дарёфти ҷоиза дар мусобиқа чаҳор тими миллӣ - Тоҷикистон, Тайланд, Сурия ва Филиппин мубориза мебаранд.

Тибқи низомномаи мусобиқот, аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ду ҷуфти даври ниманиҳоиро ташкил карда, ғолибони онҳо дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд.

Мусобиқаи «King’s Cup 2024» аз 10 то 15 октябр дар Тайланд баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки ду сол пеш тими миллии Тоҷикистон барандаи мусобиқаи «King’s Cup» дар Чиангмай шуда буд.

Он замон дар бозии ҳалкунанда тими мо дар силсилаи пеналти бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 3:0 (вақти асосӣ – 0:0) пирӯз гашта буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед