Ru  | Tj
Муовини Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон изҳори сипос намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муовини Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон изҳори сипос намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон изҳори сипос намуд

Нашр шуд

Муовини Дабири кулли Созмони милал дар масоили сиёсӣ ва сулҳофаринӣ ба Тоҷикистон барои ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи дипломатияи об изҳори сипос кард.

Вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо муовини Дабири кулли Созмони милал дар масоили сиёсӣ ва сулҳофаринӣ Розмари Дикарло дидору гуфтугӯ кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин мулоқот тарафҳо масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони милалро бо таваҷҷуҳ ба пешрафт ва дастëбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ намудаанд.

Манбаъ афзудааст, Муҳриддин ва Дикарло ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об диққати махсус зоҳир намуда ва муовини Дабири кулл ба Тоҷикистон барои ташаббусҳои байналмилалӣ ва нақши пешсафияш дар соҳаи дипломатияи об дар сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос кардааст.

Масъалаҳои амнияти минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон аз  дигар мавзуоти ин мулоқот будааст ва Сироҷиддин Муҳриддин ба намояндаи воломақоми СММ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро оид ба вазъият дар Афғонистон расонидааст.

Ҳамчунин, Розмари Дикарло омодагии СММ ва ниҳодҳои онро барои расонидани кумак ва дастгирии ҳамаҷониба ба Тоҷикистон дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ иброз доштааст.

Бояд гуфт, ки чандин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон ба монанди эълони Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" қаблан аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаву дар сатҳи байналмилалӣ татбиқ гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар моҳи марти соли 2021  зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буд, ки соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардад ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Муҳриддин дар Риëз бо вазирони хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед