Ru  | Tj
Муовини Сарвазир аз маҳали бунëди мактаби русӣ дар Душанбе дидан кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муовини Сарвазир аз маҳали бунëди мактаби русӣ дар Душанбе дидан кард
Акс: Sputnik

Муовини Сарвазир аз маҳали бунëди мактаби русӣ дар Душанбе дидан кард

Нашр шуд

Усмонзода дар Душанбе ба маҳали бунëди мактабе, ки аз ҷониби Русия сохта мешавад, рафт ва ба ҷараëни корҳои сохтмонӣ ошно шуд.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм,  рӯзи шанбе муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо ҷараёни корҳои сохтусозӣ дар мактабе, ки аз ҷониби Федератсияи Русия дар пойтахти кишвар бунëд мешавад, шинос шуд.  

Манбаъ меафзояд, Усмонзода зимни боздид бо масъулин ва сохтмончиён суҳбат анҷом додаву ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ намудааст.

Ба муовини Сарвазир гуфтаанд, ки дар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақша он соли равон бояд мавриди истифода қарор бигирад.

Бояд гуфт, ки Русия дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 5 мактаби замонавӣ бунëд намуда истодааст, ки гуфта мешавад то моҳи сентябр онҳо ба баҳрабардорӣ омода мегарданд.

Русия барои бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон 150 миллион доллар ҷудо кардааст. Моҳи апрели соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон бо Русия созишномаро оид ба сохтмони панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ, ки тадрис дар онҳо ба забони русӣ роҳандозӣ мегардад, имзо намуд.  Мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,  Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта мешаванд. Таълим дар ҳар як мактаби нав ба 1200 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.


Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Индонезия Ëддошти тафоҳум имзо мекунанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед