Ru  | Tj
Муовини Шӯрои амнияти Қирғизистон кӯмаки башардӯстонаро дар Кобул ба дасти Мулло Абдулғанӣ Бародар супурд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муовини Шӯрои амнияти Қирғизистон кӯмаки башардӯстонаро дар Кобул ба дасти Мулло Абдулғанӣ Бародар супурд
Акс: Anadolu Agency

Муовини Шӯрои амнияти Қирғизистон кӯмаки башардӯстонаро дар Кобул ба дасти Мулло Абдулғанӣ Бародар супурд

Нашр шуд

Намояндаи Қирғизистон бо муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҳукумати муваққатии Афғонистон Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Амирхон Муттақӣ мулоқот намуд.

Ба иттилои Котиботи ҳукумати Қирғизистон, бо дастури Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, намояндагони Ҳукумати Қирғизистон зери роҳбарии муовини Раиси Шӯрои амнияти ин кишвар Таалатбек Масадиков дирӯз, 23-юми сентябр ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона аз номи мардуми Қирғизистон ба аҳолии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба шаҳри Кобул ташриф овардаанд.

Кӯмаки башардӯстона расман ба Муовини сарвазири Ҳукумати муваққатии Афғонистон Мулло Абдулғанӣ Бародар супорида шудааст.

Дар ҳошияи вохӯрӣ, Таалатбек Масадиков бо Мулло Абдулғанӣ Бародар вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ намуда, дар масъалаи амнияти кишвар ва минтақа мубодилаи афкор намудаанд.

Мулло Абдулғанӣ Бародар ба Содир Ҷаборров ва мардуми ин кишвар ҷиҳати расондани ёрии башардӯстона ба мардуми афғон изҳори сипос намудааст.

Ҳамчунин, Таалатбек Масадиков, дар чаҳорчӯбаи сафар ба шаҳри Кобул, бо Вазир корҳои хориҷии Ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуд.

Ҷузъиёти муфассали вохӯрии намояндаи Қирғизистон бо намояндагони Ҳукумати муваққатии Афғонистон шарҳ дода нашудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии СММ вобаста ба вазъи сокинони минтақаи тоҷикнишини Афғонистон изҳор дошт, "Толибон"* роҳи дастрасӣ ба озуқаворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Панҷшерро бастаанд. Ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.

"Толибон"* – Ҳаракати мамнӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо.




Толибон аз Русия дар бекор кардани таҳримҳои СММ хостори кӯмак шуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед