Ru  | Tj
Муроҷиати "Толибон" ба вазирони ҳукумати худ: "Бе иҷозат бо дипломатҳои хориҷӣ мулоқот накунед!"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муроҷиати "Толибон" ба вазирони ҳукумати худ: "Бе иҷозат бо дипломатҳои хориҷӣ мулоқот накунед!"
Акс: Sputnik

Муроҷиати "Толибон" ба вазирони ҳукумати худ: "Бе иҷозат бо дипломатҳои хориҷӣ мулоқот накунед!"

Нашр шуд

Бе мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати муваққатии Афғонистон, ба вазирони ин кишвар анҷом додани мулоқот бо намояндагони хориҷӣ манъ карда шуд.

Ба иттилои "Fergana", раёсати "Толибон" ба вазирон ва дигар намояндагони расмии Аморати Исломии Афғонистон дастур додааст, бе мувофиқаи пешакӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ бо касе музокироти расмӣ анҷом надиҳанд.

Ба таъкиди манбаъ, қарори мазкурро сарвазири Аморати Исломии Афғонистон, Муҳаммад-Ҳасан Охунд баровардааст.

"Толибон" ҳайати ҳукумати навтаъсиси худро рӯзи 7-уми сентябри соли 2021, се рӯз пас аз забти ҳукумат дар Кобул, эълон карданд.

Ағбар: Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ҳукумати Толибонро эътироф намекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед