Ru  | Tj
Мушовири Макрон гуфт, ки Фаронса ҳавасманди густариши равобит бо Тоҷикистон аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мушовири Макрон гуфт, ки Фаронса ҳавасманди густариши равобит бо Тоҷикистон аст
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушовири Макрон гуфт, ки Фаронса ҳавасманди густариши равобит бо Тоҷикистон аст

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар Париж бо мушовири Президенти Фаронса Изабел Дюмон дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳошияи 41-умин Конфронси генералии ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин 10-уми ноябр дар Париж бо Изабел Дюмон, мушовири Президенти Фаронса оид ба Аврупои континенталӣ ва Туркия мулоқот кард. 

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо дар ин дидор густариши равобити ду кишварро дар пасманзари сафари ахири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса, ки моҳи октябри имсол сурат гирифта буд, баррасӣ кардаанд.  

Мушовири Эммануэл Макрон ҳамчунин таъкид дошт, ки кишвараш ба тавсеаи равобити гуногунҷанба бо Тоҷикистон ҳавасманд аст. 

Эммануэл Макрон, Президенти Фаронса моҳи октябр дар Париж дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати созиш накардан бо гурӯҳҳои террористӣ истиқбол карда буд. 

Макрон гуфта буд, ки зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса метавонанд ҳамаҷониба масъалаи кӯмаки мушаххасеро, ки Фаронса ба Тоҷикистон ба ҳадафи ба эътидол овардани вазъ дар минтақа расонида метавонад, баррасӣ кунанд. 


Боку ва Душанбе густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед