Ru  | Tj
Муштзанҳои ҷавони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё 11 медал гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муштзанҳои ҷавони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё 11 медал гирифтанд
Акс: varzishtv.tj

Муштзанҳои ҷавони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё 11 медал гирифтанд

Нашр шуд

Аз 27 август то 10 сентябр дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачагон баргузор гардид.

Муштзанҳои тоҷик ба гирифтани 11 медал, аз ҷумла 4 тило, 1 нуқра, 6 биринҷӣ ноил гардиданд, иттилоъ дод сомонаи varzishtv.tj.

Ба навиштаи ин манбаъ, медалҳои Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур миёни мактаббачаҳо Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ, Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра, Анӯшервон Сидиқов (33 кг) бо Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медали тило шарафёб гардиданд.

Миёни наврасон Мино Азамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг), Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ва Фариноз Абдуллоева (54 кг) бо Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тилоро соҳиб шуданд.

Қобили зикр аст, ки Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати мукаммали иборат аз 27 нафар (14 муштзан миёни мактаббачаҳо ва 13 муштзан миёни наврасон)-ро ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардонид.

Гуфта мешавад, ки ғолибони мусобиқа байни ҷавонон 6 ҳазор доллар ва барандагони медалҳои нуқра 3 ҳазор доллар ва биринҷӣ 1,5 ҳазор доллар мукофот хоҳанд гирифт.

Ғолибон миёни мактаббачагон барои ҷойи аввал 4 ҳазор доллар, дуюм 2 ҳазор доллар ва сеюм 1 ҳазор доллар ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионат миёни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлати қора ва миёни наврасон 80 варзишгари 24 давлати қора иштирок карданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед