Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё 5 медал гирифтанд
Нашр шуд
Ҳамаи медалҳои тилои қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардонро дар Тайланд муштзанҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон соҳиб шуданд.
Дар Тайланд аз 28 ноябр то 11 декабр Қаҳрамонии бокси Осиё баргузор шуд, ки дар он беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 кишвари Осиё ширкат карданд. Мусобиқа аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 12 вазн миёни бонувон баргузор шуд.
Тибқи иттилои сомонаи varzishtv.tj аз ҳама бештар медалҳои тилоро дар ин мусобиқа муштзанони Узбекистон соҳиб шуданд.
Варзишгарони узбек миёни мардон 8 медали тило ва миёни занон 3 медали тилои ин мусобиқаро ба даст оварданд.
Муштзанони Қазоқистон бошад соҳиби 9 медали тило гардиданд. Варзишгарони қазоқ 4 медали тилоро миёни мардон ва 5 медали тиллоро миёни бонувон соҳиб шуданд.
Тоҷикистон бошад дар қаҳрамонии бокси Осиё як медали тило касб кард. Дар вазни 60 кг Акмал Убайдов аз Тоҷикистон миёни мардон медали тилоро ба гардан овехт.
Дар мусобиқаи мазкур 9 нафар муштзани тоҷик ширкат варзида, соҳиби 5 медал гардиданд, ки ин дастовард аввалин бор дар таърихи бокси тоҷик аст.
Муштзани тоҷик Парвиз Каримов зери вазни 92 кг медали нуқра ва медалҳои биринҷиро Аҳмадҷон Саидов зери вазни 86, Шаҳобҷон Шукуров зери вазни 71 кг ва Шукрат Саломатов зери вазни 67 кг соҳиб шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар умум миёни мардон ҳама тилоҳоро муштзанони узбек, қазоқ ва тоҷик соҳиб гардиданд.
Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 8000 доллар, барои ҷойи дуюм 4000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2000-долларӣ тақдим шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед