Ru  | Tj
Муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон мақоми аввалро касб карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон мақоми аввалро касб карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон мақоми аввалро касб карданд

Нашр шуд

Варзишкорони Тоҷикистон бо 3 медали тило дар мусобиқаи байналмилалии ҷавонон ба хотири гиромидошти бародарон Айтеновҳо дар Қазоқистон якум шуданд.

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи XXV байналмиллалӣ миёни ҷавонон дар Қазоқистон ба хотири гиромидошти бародарон Айтеновҳо ширкат варзида, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Тиб иттилои сомонаи varzishtv.tj, дар мусобиқаи мазкур 10 муштзани ҷавони тоҷик зери роҳнамоии мураббиҳо Султонов Сайфиддин ва Айдаров Орзу иштирок карданд.

Мусобиқаи мазкур бо 13 зӯрозмоии ниҳоӣ дар Қустанайи Қазоқистон баргузор гардид.

Тоҷикистон аввалин бор дар таърихи мусобиқаи ҷавонон ба хотири гиромидоштӣ бародарон Айтеновҳо соҳиби се медали тило шуд.

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи номбурда, се нафар ба финал роҳ ёфта, Дамир Муйбалихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг) ва Идрис Илназаров (+92 кг) барандагони нишони тилло шуданд.

Инчунин муштзанони дигари тоҷик Ҳошимов Ҳасанҷон (48 кг), Фозилов Анӯшервон (54 кг), Қобилов Абубакр (54 кг), Султонов Муҳаммадсултон (67 кг) ва Мамадпаноев Рустам (80 кг) барандани нишони биринҷии мусобиқаи мазкур шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи номбурда, довари тоҷик Акмалҷон Абдуллоев рақобатҳоро ҳакамӣ кард.

Ҳамагӣ 121 муштзан дар мусобиқаи ҷавонон ба хотири гиромидошти бародарон Айтеновҳо дар Қустанай ширкат карданд, ки воқеаи муҳими бокси ҳафтаи пеш аз Бозиҳои олимпии Порис-2024 буд.

Ҳамчунин, мусобиқаи мазкур барои муштзанҳо як марҳилаи хуби омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷаҳони бокс маҳсуб мешавад.


Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед