Ru  | Tj
Муштзанҳои Тоҷикистон барандаи мусобиқаи Академияи бокси Сибир шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муштзанҳои Тоҷикистон барандаи мусобиқаи Академияи бокси Сибир шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Муштзанҳои Тоҷикистон барандаи мусобиқаи Академияи бокси Сибир шуданд

Нашр шуд

Муштзанони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс барои ҷоизаҳои Академияи бокси Сибир шаш медали тило ба даст оварданд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар дод, ки дар мусобиқаи байналмилалии Академияи бокси Сибир муштзанҳои навраси тоҷик Сидиқов Анӯшервон (35,5 кг), Сиҷаев Дилшод (37 кг), Касимов Ҷалолхон (42 кг), Бойматов Фирӯз (38 кг), Умаров Беҳрӯз (42 кг) ва Охунов Беҳрӯз (44 кг) соҳиби медали тило гаштанд.
Инчунин дар мусобиқаи мазкур Беҳрӯз Умаров беҳтарин муштзан эътироф гардид.

Ҳамин тариқ, дастаи муштзанҳои навраси Тоҷикистон аз ҳисоби медалҳо дар мусобиқаи номбурда, ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони 4 кишвар - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Русия иштирок карданд.

Хотиррасон мекунем, пеш аз ин муштзанони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири гиромидошти шодравон, устоди варзиши Тоҷикистон ва Русия - Серен Балзанов иштирок карда, ба гирифтани 5 медал ноил гардиданд.

Дар мусобиқаи мазкур 2 медали тилоро Дамир Назаров (44 кг), Умар Асроров (63 кг), ду нишони нуқраро Билол Саъдуллоев (34 кг), Муҳаммад Ғуломов (48 кг) ва як медали биринҷиро Холид Раҷабов (+80 кг) барои Тоҷикистон соҳиб шуданд.

Ин мусобиқа дар пойтахти ҷумҳурии Калмикия, шаҳри Элиста бо ҳузури 200 варзишгар баргузор гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед