Ru  | Tj
Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар нахустин мусобиқаи интихобии Олимпӣ пирӯз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар нахустин мусобиқаи интихобии Олимпӣ пирӯз шуд
Акс: varzishtv.tj

Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар нахустин мусобиқаи интихобии Олимпӣ пирӯз шуд

Нашр шуд

Дар шаҳри Бангкок имрӯз муҳорибаҳои мусобиқаи 2-юми интихобии олимпӣ оғоз гардид. Дар мусобиқа 578 муштзан аз 132 давлат ширкат мекунанд. Онҳо дар 13 вазн (7 вазни мардҳо, 6 вазни бонувон) барои 51 роҳхати боқимонда (28 роҳхат барои мардҳо, 23 роҳхат барои бонувон) талош мекунанд. Дар ин бора сомонаи varzishtv.tj хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, дар умум барои ҳамаи вазнҳои бонувон 4 роҳхат (ба ғайр аз вазни 60 кг, ки 3 роҳхат дорад), миёни мардҳо дар вазнҳои 63,5, 71 кг 5 роҳхат, 51, 92, +92 – 4 роҳхат ва вазнҳои 57, 80 кг 3-роҳхатӣ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки муштзанҳои Тоҷикистон дар ҳамаи вазнҳо, ба ғайр аз вазнҳои 57 кг (бонувон), 63,5, кг ва 92 кг (мардҳо), ки роҳхати олимпӣ доранд, ширкат мекунанд.

Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов зери вазни то 57 кг дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Асрор дар даври аввал бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 муқобили намояндаи Мали – Абдул Карим ғалаба кард ва ба даври дуюм роҳ ёфт. Рақобати дуюми Асрор Воҳидов дар ин мусобиқа рӯзи 28-уми май баргузор мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед