Ru  | Tj
Муштзани тоҷик дар мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament-2022” сазовори медали тилло гашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муштзани тоҷик дар мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament-2022” сазовори медали тилло гашт
Акс: ASIA-Plus

Муштзани тоҷик дар мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament-2022” сазовори медали тилло гашт

Нашр шуд

Баҳодур Усмонов дар  40-умин Мусобиқаи байналмилалии бокс, ки дар Финландия ба хотираи Гуннар Барлунд баргузор гардида буд, ғолиб шуд.

Тавре Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, Баҳодур Усмонов дар вазни - 63,5кг сабқатро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканянро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кардааст.

Ӯ дар нимфинал рақибаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 шикаст додааст.

Зимнан, ин варзишгари тоҷик дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, соҳиби медали тилло гаштааст.

Қобили қайд аст, ки мусобиқаи  “GeeВee Boxing Tournament-2022”  рӯзҳои 7-10-уми апрел дар шаҳри Хелсинкӣ баргузор гардида, дар он беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина ширкат доштаанд.

Мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament” аз соли 1982 инҷониб баргузор мегардад.


"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бозӣ мекунад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед