Ru  | Tj
Муштзани тоҷик Миҷгона Самадова ба финали Ҷоми ҷаҳонии бокс баромад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муштзани тоҷик Миҷгона Самадова ба финали Ҷоми ҷаҳонии бокс баромад
Акс: Sputnik

Муштзани тоҷик Миҷгона Самадова ба финали Ҷоми ҷаҳонии бокс баромад

Нашр шуд

Миҷгона Самадова, муштзани ҷавони тоҷик дар даври ниманиҳоии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар риштаи бокс ҳарифи руси худ Малика Шаҳидоваро шикаст додаву ба финал баромад. 

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, Миҷгона дар давраҳои қаблӣ Мичидма Эрденедалай, вазишгари Муғулистон ва  намояндаи Лаҳистон Серафин Моникаро мағлуб намуда буд. 

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия баргузор мешавад, мардону занони аз 19 то 40-сола иштирок доранд.

 Миҷгона дар вазни 57 кг ҳунарнамоӣ мекунад ва 11-уми декабр дар бозии финалӣ бо варзишгари дигари кишвари мизбон вориди рақобат мешавад.   

Манбаъ меафзояд, дирӯз Шоира Зулқайнарова ва Сулаймон Нодиров, ду муштзани тоҷик дар бозиҳои нахусти хеш дар ин мусобиқа ба шикаст мувоҷеҳ шудаанд.

Миҷгона Самадова донишҷӯи Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад. Соли 2016 дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба “Таэквандо- ИТФ” дар Италия сазовори медали биринҷӣ ва соли 2017 дар 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод медали тилло ба даст овардааст.


Дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо варзишгарони тоҷик соҳиби 8 медал гаштанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед