Ru  | Tj
Мутахассиси хорватӣ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъйин гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мутахассиси хорватӣ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъйин гардид
Акс: Nm.tj

Мутахассиси хорватӣ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъйин гардид

Нашр шуд

Сармураббии ҷадид бо мақсади омода намудани тими миллии Тоҷикистон ба марҳалаи интихобии Қаҳрамони Осиё-2023 интихоб шудааст.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, таъйин гардидани Петр Сегрт ба ҳайси сармурабии дастаи миллии кишвар рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe"  баргузор гардида буд, тасдиқ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Петр Сегрт муҷаввизи мураббигии “Pro”-и УЕФА-ро дорад.

Хотиррасон менамоем, ки тими Молдив дар соли 2018 бо роҳбарии Петр Сегрт ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ гардида буд.

Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия таваллуд шуда, аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Фаъолияти мураббигии ин мутахассиси хорватӣ аз футболбозии ӯ дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон сарчашма мегирад. 


Навраси 12 солаи тоҷик дар Шветсия финалисти озмуни Unga Solister гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед