Ru  | Tj
Мутахассиси тоҷик муовини Намояндаи доимии БРСММ дар Қазоқистон таъйин гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мутахассиси тоҷик муовини Намояндаи доимии БРСММ дар Қазоқистон таъйин гардид
Акс: Интернет

Мутахассиси тоҷик муовини Намояндаи доимии БРСММ дар Қазоқистон таъйин гардид

Нашр шуд

Мутахассиси тоҷик Суҳроб Ҳоҷиматов ба симмати муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Қазоқистон мансуб шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии БРСММ, Суҳроб Ҳоҷиматов беш аз 25 сол таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дорад.

Манбаъ афзудааст, Суҳроб Ҳоҷиматов солҳои охир муовини Раиси дафтари ин созмон дар Туркия ва роҳбари Барномаи рушди Созмони Милал дар Озарбойҷон будааст.

Гуфта мешавад, Суҳроб бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, ҳамчунин дар Донишгоҳи умумирусиягии адлия  ва Коллеҷи миллии додгоҳии Невадаи Амрико таҳсил кардааст.

Ҳоҷиматов собиқаи кориашро ба ҳайси муфаттиш дар Додситонии кулли Тоҷикистон оғоз карда, вале хеле зуд ба кор дар созмонҳои байналмилалӣ рӯй овардааст.

Бояд гуфт, ки Барномаи рушди Созмони милал аз бузургтарин  ниҳодҳои СММ мебошад. БРСММ дар Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиëи Марказӣ дар бахшҳои ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирëбии иқлим ва тақвияти иқтисоди рақамӣ лоиҳаҳоро маблағгузорӣ менамояд.

Роҳҳои рушди равобити Тоҷикистону Фаластинро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед