Ru  | Tj
Муттақӣ: Афғонистон солона аз транзити газ 450 млн доллар даромад хоҳад гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муттақӣ: Афғонистон солона аз транзити газ 450 млн доллар даромад хоҳад гирифт
Акс: etilaatroz.com

Муттақӣ: Афғонистон солона аз транзити газ 450 млн доллар даромад хоҳад гирифт

Нашр шуд

Толибон* интизор доранд, ки ҳамасола аз транзити гази табиӣ тавассути лӯлаи мавсум ба ТАПИ 450 миллион доллар ба даст оранд.

Ҳукумати Толибон* дар Афғонистон қасд дорад, ки дар ояндаи наздик ба сохтмони бахше аз лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (ТАПИ) шурӯъ кунад.

Баъди ба истифода дода шудани лоиҳаи ТАПИ ҳукумати Толибон* аз транзити гази табиӣ аз қаламрави Афғонистон солона қариби ним млрд доллар даромад мегирад.

Дар бора Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* изҳор дошт, хабар медиҳад ToloNews.

Муттақӣ афзуд, ки бар иловаи фоида барои транзити газ тавассути қаламрави Афғонистон, ин кишвар солона 5 миллиард метри мукааб газ низ мегирад.

Вазири корҳои хориҷии Толибон* дар амалисозии ин лоиҳа Туркманистонро шарики асосии иқтисодии Афғонистон хонда, таъкид кард, ки дар ҳамкорӣ бо Ашқобод чанд лоиҳаи дигари муҳим, аз ҷумла ТАП, CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳан амалӣ мешаванд.

Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки тибқи ҳисобҳои коршиносон, ҳамасола аз тариқи лӯлаи ТАПИ то 33 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол хоҳад шуд.

Аз ин миқдор 5 миллиард метри мукааб дар Афғонистон боқӣ монда, Покистону Ҳинд ҳар кадом 14 миллиард метри мукааб гази дигарро дарёфт хоҳанд кард.

Гуфтанист, тибқи лоиҳа дарозии лӯлаи гази ТАПИ 1840 километр хоҳад буд. Сохтмони қитъаи 214 километр дар қаламрави Туркманистон алакай анҷом ёфтааст. Дар навбат кашидани қубурҳо дар доираи лоиҳаи ТАПИ тавассути Афғонистон қарор дорад. Арзиши умумии ин лоиҳа 10 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед