Ru  | Tj
Муттаҳамони парвандаи дувуми ҳаводиси Нуқус аз 5 то 11 соли равонаи зиндон шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муттаҳамони парвандаи дувуми ҳаводиси Нуқус аз 5 то 11 соли равонаи зиндон шуданд
Акс: Олий суд

Муттаҳамони парвандаи дувуми ҳаводиси Нуқус аз 5 то 11 соли равонаи зиндон шуданд

Нашр шуд

Дар бинои додгоҳи вилояти Бухоро мурофиаи дуюми парвандаи ошӯбҳои оммавӣ дар Қарақалпоқистон ба анҷом расида, 28 нафар аз 5 то 11 соли зиндон ҳукм гирифта, 11 нафари дигар ба 5 соли маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Додгоҳи Олии Ӯзбекистон.

Бар асоси ҳукми рӯзи 17-уми март, ҳамаи 39 нафар муттаҳамон дар содир кардани ҷиноят бар асоси қисми 3-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноӣ - «Ташкили бетартибиҳои оммавӣ бо зӯроварӣ, куштор, муқовимат ба намояндаи ҳокимият бо истифода аз силоҳ ё ашё ба сифати аслиҳа, инчунин иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ» гунаҳкор дониста шуданд.

Баъзе айбдоршавандагон дар ин парванда бо назардошти дигар моддаҳои Кодекси ҷиноӣ – ғоратгарӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон, паҳн ё намоиш додани маводи дорои таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ ҷазо гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин миён ҷазои сангинтарин – 11 соли зиндонро додгоҳ барои Оралбой Досназаров, корманди идораи адвокатии «Низам устинлиги» таъйин кард. Дар баробари ин соҳибкор Омирбек Қурбонов ва Дауранбек Раманови бекор мутаносибан ба 10,5 ва 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Шаш муттаҳами дигар 8 сол, ду нафар – 7,5 сол, 11 нафар – 7 сол, панҷ нафар - 6 сол ва як нафар – 5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Додгоҳи олии Ӯзбекистон тавзеҳ дод, ки як маҳкумшуда ба муассисаи ислоҳии низомаш сахт, боқимонда дар муассисаи низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳанд кард.

Ҳамзамон 11 нафар айбдоршавандаи парвандаи дуюми ҳаводиси Нуқус, аз ҷумла сармуҳаррири рӯзномаи «Эл хизметинде» Абдималик Хоҷаназаров ва хабарнигори рӯзномаи «Ишонч» Эсимкан Қаноатов ба панҷ соли маҳдуд кардани озодӣ маҳкум шуда, ҳамаи онҳо дар толори додгоҳ аз ҳабс озод карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 1-2 июли соли 2022 дар Қарақалпоқистон ошӯбҳои оммавӣ рух дод. Тазоҳуркунандагон ба тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Қонуни асосии Ӯзбекистон, ки мухторияти ин ҷумҳуриро ҳазф мекард, мухолифат карданд. Баъдан бо дастури Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбакистон тағйироти мазкур аз лоиҳаи ислоҳоти Қонуни асосии ин кишвар лағв шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни ошӯбҳои Қарақалпоқистон 21 нафар кушта ва ҳудуди 300 нафар, аз ҷумла кормандони мақомоти интизомӣ ва низомиён захмӣ шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед