Ru  | Tj
Музаффар Ҳусейнзода ва Венди Мортон доир ба ҳамкориҳои сиёсӣ гуфтугӯ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Музаффар Ҳусейнзода ва Венди Мортон доир ба ҳамкориҳои сиёсӣ гуфтугӯ намуданд
Акс: Интернет

Музаффар Ҳусейнзода ва Венди Мортон доир ба ҳамкориҳои сиёсӣ гуфтугӯ намуданд

Нашр шуд

Бо иштироки намояндагони 120 кишвари дунё дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим COP26 ба кори худ оғоз кард.

1 –уми ноябр дар шаҳри дар ҳошияи Конфронси СОР26 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазир оид ба кишварҳои Аврупо ва Америкаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Венди Мортон баргузор гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва иҷтимоӣ , иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии КОВИД-19 баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин зимни дидор ҷонибҳо масъалаи амнияти минтақавӣ ва аз ҷумла вазъияти имрӯзаи Афғонистонро баррасӣ карда, дар ин роҳ роҳандозии ҳамкориҳои судмандро баён доштанд. 

Қаблан, 3-уми сентябри 2021 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Тариқ Аҳмад Уимблдонӣ баргузор гардида буд, ки дар рафти ин мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мухталиф, мушорикат дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.


Роҳбарони бонкҳои Осиёи Марказӣ дастгирии соҳбикорӣ ва маблағгузории сабзро муҳокима карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед