Ru  | Tj
Музокироти оташбаси Ғазза бидуни тавофуқ ба поён расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Музокироти оташбаси Ғазза бидуни тавофуқ ба поён расид
Акс: аз манбаъҳои боз

Музокироти оташбаси Ғазза бидуни тавофуқ ба поён расид

Нашр шуд

Музокироти рӯзи 25 август дар мавриди оташбаси Ғазза миёни Исроил ва Ҳамос дар Қоҳира бидуни расидан ба тавофуқ поён ёфт, иттилоъ дод хабаргузории Ройтерз.

Рӯзи 26 август ин расона афзуд, ҳеҷ яке аз тарафҳо, яъне Исроил ва Ҳамос тарҳҳои пешниҳодии кишварҳои миёнаравро напазируфтаанд.

Тибқи ин гузориш, ин вазъ имкони муваффақият дар талошҳои охирини Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои истиқрори оташбас зери суол бурдааст. Дар ҳамин ҳол, як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки музокироти рӯзи 25 август дар Қоҳира судманд буд.

Тайи чанд рӯзи ахир даври тозаи музокирот дар Қоҳира баргузор шуд ва Ҳамос намояндагони худро ба ин шаҳр фиристода буд. Як мақоми Ҳамос гуфт, ки намояндагони ин гурӯҳ пас аз мулоқот бо миёнаравҳои Миср ва Қатар ва ошноӣ аз натоиҷи ахири музокирот Қоҳираро тарк кардаанд.

Ҳамос Исроилро муттаҳам кард, ки аз ваъдааш дар бораи хуруҷи нeрӯҳояш аз минтақаи ҳоил байни Ғазза ва Миср, маъруф ба долони Филаделфия (меҳвари Салоҳиддин) даст кашидааст.

Ҳамос ҳамчунин мегӯяд, ки Исроил талабҳои нав, аз ҷумла барои назорат ба бозгашти оворагони фаластинӣ ба минтақаи сераҳолии Ғаззаи шимолӣ пас аз ҳама гуна оташбас, матраҳ кардааст.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди моҳҳо талош барои хатми ҷанги хунин дар Ғазза, дар музокироти оташбас миёни Исроил ва Ҳамос ҳеҷ пешрафте ҳосил нашудааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза аз оғози даргирӣ дар моҳи октябри соли 2023 ба 40 ҳазору 74 нафар расида, беш аз 92,5 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед