Ru  | Tj
Нахустин донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар Суғду Хатлон филиалҳои худро таъсис дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахустин донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар Суғду Хатлон филиалҳои худро таъсис дод
Акс: Интернет

Нахустин донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар Суғду Хатлон филиалҳои худро таъсис дод

Нашр шуд

Ба гузориши Halva.tj, Убайдулло Асрорзода, ректори донишгоҳи мазкур имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ин бора иттилоъ додаву гуфт, ки ин иқдом ба манзури омодасозии кадрҳои баландихтисос бо назардошти зарфият ва рушди манотиқи кишвар гирифта шудааст. 

Асрорзода ҳамчунин таъкид дошт, соли гузашта дар ин донишгоҳ ду бинои нави таълимӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ аст. 

Ректор гуфт, ки айни замон дар ин донишгоҳ озмоишгоҳҳои  муҳосибӣ, гумрукӣ, зеҳни сунъӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ,  сервиси сайёҳӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, бонки таълимӣ ва китобхонаи илмӣ-электронӣ фаъолият менамоянд, ки ба сатҳи таълим таъсири хуб мерасонанд. 

Моҳи гузашта бо як қарори махсуси Ҳукумат  ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, он ҳамчун Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

Ин донишгоҳ айни замон чор факулта - сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, баҳисобгирӣ-иқтисодӣ, молия ва қарз ва гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ дорад. 

Донишҷӯёни ин муассисаи олӣ аз рўи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 41 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос ва докторантура (PhD) дар 8 ихтисос таълим мегиранд.


Қариб 14 ҳазор аз 14 кишвар. Вазир шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед