Ru  | Tj
Нахустин гимназияи хусусӣ дар Тоҷикистон таълимро тибқи стандартҳои Русия шуруъ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахустин гимназияи хусусӣ дар Тоҷикистон таълимро тибқи стандартҳои Русия шуруъ мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Нахустин гимназияи хусусӣ дар Тоҷикистон таълимро тибқи стандартҳои Русия шуруъ мекунад

Нашр шуд

Гимназияи хусусии «Эҳёи маънавият» аз Хадамоти федеролии назорат дар соҳаи маорифи Русия - “Рособрнадзор” санади сабти расмиро дарёфт кард.

Гимназияи хусусии “Эҳёи маънавият”-и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон аз хадамоти федеролии “Рособрнадзор” санад гирифта, акнун ин муассисаи таълимӣ метавонад тибқи стандартҳои Русия тадрис кунад ва ба хатмкунандагон санадҳои стандарти давлатии Федератсияи Русия диҳад.

Дар ин бора намояндагии созмони “Россотрудничество” дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муътабар Носирова, яке аз муассисони гимназия ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки гимназияи мазкур дар Тоҷикистон аввалин муассисаи хусусӣ гардид, ки аз “Рособрнадзор” санади сабти расмӣ дарёфт кард.

«Мо аввалин гимназияи хусусӣ ҳастем <...> Мо ҳамчунин аз лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» омӯзгоронро ҷалб кардем, акнун дар гимназияи мо шаш нафар омӯзгорон ва ду нафари дигар дар филиали ноҳияи Спитамен фаъолият хоҳанд кард», - гуфт Носирова.

Ба гуфтаи Муътабар Носирова, гимназияи “Эҳёи маънавият” ният дорад, ки соли 2025 ба аввалин хатмкунандагони худ шаҳодатномаи стандарти Русия диҳад. Вай афзуд, ки ба хонандагон шаҳодатномаи стандарти Тоҷикистон низ дода мешавад, то онҳо имкони интихоби муассисаҳои олиро баъд аз хатми мактаб дошта бошанд.

Бояд гуфт, ки гимназияи “Эҳёи маънавият” соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд таъсис шуда, дар он 300 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ҳама дарсҳо бо истифода аз китобҳои дарсии стандарти федералии давлатии таҳсилот ба забони русӣ гузаронида мешаванд. Хонандагони гимназияи мазкур аз синфи якум инчунин забони олмониро низ меомӯзанд.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон инчунин чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи давлатӣ низ тибқи стандартҳои Русия тадрис мекунанд. Аз ҷумла таълим бо стандартҳои Русия дар панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ роҳандозӣ шудаст, ки аз ҳисоби Федератсияи Русия сохта шуда, соли 2022 ба фаъолият шурӯъ карданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед