Ru  | Tj
Нахустин гурӯҳи 15-нафараи довталабон аз Тоҷикистон донишҷӯи ВГИК мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахустин гурӯҳи 15-нафараи довталабон аз Тоҷикистон донишҷӯи ВГИК мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Нахустин гурӯҳи 15-нафараи довталабон аз Тоҷикистон донишҷӯи ВГИК мешаванд

Нашр шуд

Бино ба иттилои муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ҳамчунин дар назар аст, ки теъдоди довталабон то ба 25 нафар расонда шавад.

15 нафар довталабон аз Тоҷикистон имсол тибқи бурсияи таҳсилии созмони “Россотрудничество” донишҷӯи Донишгоҳи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С.А.Герасимов мешаванд.

Дар ин бора дар мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Андрей Патрушев, роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, таъкид шуд.

Дар ин замина зикр шуд, ки дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография коргоҳи омӯзиши маҳорати ҳунарпешагӣ таъсис дода шуд. Дар марҳилаи аввал ба 15 нафар довталабон аз Тоҷикистон имкон дода мешавад, ки дар асоси бурсияҳои таҳсилӣ  дар коргоҳи ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография давоми солҳои 2024-2025 маҳорати ҳунарпешагиро аз худ намоянд.
 
Ҳамзамон, ҷиҳати дар оянда афзун намудани шумораи довталабон аз Тоҷикистон то ба 25 нафар, аз рӯйи ихтисосҳои коргардонӣ, наворбардорӣ, рассомӣ, пардозгарӣ, филмноманависӣ, мутахасиси оташбоз ва дигар касбҳои зарурии соҳаи синамо изҳори андеша карда шуд.

Зимни мулоқоти Шоҳиён бо Патрушев инчунин рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи синамо матраҳ гардида, ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои судманд ибрози назар намуданд.
 
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дар муассисаҳои таълимии ихтисосии театру синамои Русия, баргузории чорабиниҳои синамоӣ, ва дигар масоили марбут ба соҳаи синамо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бар асоси қароре, ки соли 2013 дар Русия содир шуда буд, барои донишҷӯён аз Тоҷикистон ҳар сол бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо мешавад. Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии "МИСиС"  ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии "МЭИ" фаъолият мекунанд.

Дар маҷмӯъ беш аз 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таҳсил мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед