Ru  | Tj
Нахустин медалҳои варзишкорони Тоҷикистон дар Бозиҳои БРИКС

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахустин медалҳои варзишкорони Тоҷикистон дар Бозиҳои БРИКС

Нахустин медалҳои варзишкорони Тоҷикистон дар Бозиҳои БРИКС

Нашр шуд

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои БРИКС дар Қазон медалҳои аввалинро ба даст оварданд.

Паҳлавонони Тоҷикистон дар риштаи самбо дар Бозиҳои БРИКС дар Қазон соҳиби аввалин медалҳо шуданд. Медалҳоро Сорбон Латифов ва Убайд Деваштич ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, ки Латифов дар вазни то 64 кило бар рақибаш аз Венесуэла пирӯз шуда, медали биринҷии Бозиҳои БРИКС-ро касб кард.

Инчунин паҳлавони дигари тоҷик Убайд Деваштич низ дар вазни 79 кило бар варзишгари Бразилия ғолиб омада,  медали биринҷии ин бозиҳоро гирифт.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои 9-ум қарор дошта, дар ҷойи аввал Русия, дуввум Чин ва сеюм Беларусия қарор дорад.

Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон дар Бозиҳои БРИКС 110 варзишгар иштирок доранд.

Қобили зикр аст, ки ин бозиҳои варзишӣ нахустин маротиба дар қолаби нав баргузор гардида, зимни он дар баробари варзишгарони кишварҳои узви БРИКС инчунин варзишгарони якчанд кишваре, ки аз ҷониби мизбони ин мусобиқа даъват шудаанд, нерӯозмоӣ менамоянд.

Ин бозиҳои варзишӣ 4 ҳазор  варзишгарро аз 100 кишвари олам ба ҳам оварда, аз 12 то 23 июн аз рӯи 27 намуди варзиш дар 17 иншооти варзишии шаҳрҳои Қазон ва Маскав баргузор мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед