Ru  | Tj
Нахустин “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” барои ҳамсоягии нек ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахустин “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” барои ҳамсоягии нек ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Нахустин “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” барои ҳамсоягии нек ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тақозо намуд, то дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бо ҳам ҳамкории зич дошта бошанд.

Имрӯз дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат имрӯз, яъне 6-уми август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ кард, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ иштирок доштанд.

Ба таъкиди манбаъ дар нишасти мазкур роҳбарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. 

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон 19 созишнома, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон, ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ва Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022-2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон, ба имзо расиданд.




Баҳои баланди Бердимуҳаммадов ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед