Ru  | Tj
Нахустин размикори тоҷик ба лигаи UFC роҳ ëфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахустин размикори тоҷик ба лигаи UFC роҳ ëфт
Акс: Интернет

Нахустин размикори тоҷик ба лигаи UFC роҳ ëфт

Нашр шуд

Нурулло Алиев, размикори маъруфи тоҷик пас аз пирӯзӣ дар муҳорибаи ахири худ дар Лас-Вегас ба лигаи UFC роҳ ëфт.

Ба гузориши Sputnik, Дана Уайт, роҳбари UFC размикори тоҷик Нурулло Алиевро пас аз пирӯз омаданаш бар Ҷош Уики амрикоӣ узви нави лигаи UFC эълон кард.

Гуфта мешавад муҳорибаи Нурулло Алиев ва Ҷош Уик шоми гузашта дар Лас-Вегас баргузор гардида, размикори тоҷик дар даври аввал ҳарифи худро бо нокаути техникӣ мағлуб намудааст.

Қаблан Алиев бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" шартнома ба имзо расонда, довталаби узвият дар UFC гардида буд.

Лозим ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида буданд, аммо дар муҳорибаи охир мағлуб гаштаву имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро аз даст доданд.

Нурулло Алиев то имрӯз ҳеч боре дар майдони муҳориба шикаст нахӯрдааст.

Кумитаи иҷроияи ФФТ фаъолияти Петр Сегртро қаноатбахш унвон кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед