Ru  | Tj
Нахуствазири Британия Тоҷикистонро шарики собитқадами Шоҳигарии Муттаҳида унвон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахуствазири Британия Тоҷикистонро шарики собитқадами Шоҳигарии Муттаҳида унвон кард
Акс: Sputnik

Нахуствазири Британия Тоҷикистонро шарики собитқадами Шоҳигарии Муттаҳида унвон кард

Нашр шуд

Борис Ҷонсон гуфтааст, ки Шоҳигарии Муттаҳида шарики собитқадами Тоҷикистон мебошад ва дар оянда низ ҷиҳати дастгирии рушди устувори кишвар ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои умумӣ ин ҳамкориро идома медиҳад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дирӯз ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Борис Ҷонсон табодули паёмҳои табрикӣ карданд.

Дар паёми нахуствазири Британияи Кабир аз ҷумла омадааст, ки вай қотеона ва самимона аҳамияти таҳкими муносибат бо Тоҷикистон барои Шоҳигарии Муттаҳидаро таъкид менамояд ва умедвори рушди давомдори муносибатҳои ҳамкории Лондону Душанбе аст.

Ҷонсон афзудааст, ки давоми ин сӣ сол Шоҳигарии Муттаҳида ва Тоҷикистон дар самти рушди шарикии наздик бар пояи ҳусни тафоҳум дар заминаҳои амният ва дифоъ, рушди инсонӣ ва иқтисодӣ, тиҷорат ва фарҳанг ҳамкориҳои судманд доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии хеш ба ин нукта таъкид намудааст, ки Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои некро бо Британияи Кабир, ки аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии кишварро ба расмият шинохт, муҳим медонад.

Бояд гуфт, ки муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир соли 1992 роҳандозӣ гардида, соли 2001 Сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Душанбе ва соли 2008 Сафорати Тоҷикистон дар Лондон ифтитоҳ ёфтааст.

Охири соли гузашта Рухшона Раҳмон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Британияи Кабир таъин шуда буд.


Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед