Ru  | Tj
Намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи Русия-Белорус. Тоҷикистон-2024" ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи Русия-Белорус. Тоҷикистон-2024" ифтитоҳ шуд

Намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи Русия-Белорус. Тоҷикистон-2024" ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе 12-умин намоишгоҳи таълимӣ кушода шуд. 30 донишгоҳи пешрафтаи Русия ва Беларус барномаҳои таълимӣ ва имконоти худро барои донишҷӯёни Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Виктор Денисенко, сафири Беларус дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи намоишгоҳ таъкид кард, ки донишгоҳҳои муосир фармоиши давлатиро барои омода кардани мутахассисони баландихтисос дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ иҷро мекунанд.

“Ин кор дониш, масъулият ва тахассуси болоро талаб мекунад. Раванди таълим беохир аст”, - гуфт Денисенко дар муроҷиат ба довталабон.

Дар баробари ин Вера Хуторская, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ин кушоиши намоишгоҳ чунин гуфт: «Ман итминон дорам, ки таҳсилоте, ки шумо мегиред, барои шумо ва барои Тоҷикистон, ки минбаъд дар ин ҷо кор мекунед, як дастоварди хеле муҳим хоҳад буд. Ҳамчунин таҳсилоти шумо барои густариши равобит бо Русия ва Беларус мусоидат мекунад”.

Дар ҷараёни намоишгоҳ дар баробари муаррифии зарфияти донишгоҳҳои Русия ва Беларус, ҳамчунин машваратҳо дар заминаи дарёфти бурсияҳои таҳсилӣ барои қабул ба донишгоҳҳои Русия низ баргузор мешавад.

Вадим Зайчиков, сардори раёсати маориф ва илми “Россотрудничество” ба довталабон эълон кард, ки рӯзи 7 октябр бақайдгирӣ дар вебсайти education-in-russia.com оғоз мешавад, ки дар он довталабон то рӯзи 15 январ метавонанд барои таҳсил дар донишгоҳҳои пешрафтаи Русия санадҳои худро супруда, дар озмуни интихобӣ иштирок кунанд.

«Русия дар доираи бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон 1000 ҷои буҷетӣ ҷудо мекунад. Имкониятҳои дохилшавӣ хеле васеъ аст. Ҳоло барои шумо муҳим аст, ки дар бораи интихоби касби ояндаатон тасмим гиред”, - таъкид кард Зайчиков.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳи таълимии донишгоҳҳои пешбари Русия ва Белорус, рӯзҳои 4 ва 5 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва рӯзи 7 октябр дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед