Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021»: аз муаррифии маҳсулоти Ватанӣ то лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ
Нашр шуд
Намоишгоҳи “Бохтарфуд-2021” ва Форуми байналмилалии тиҷоратӣ дар маркази вилояти Хатлон ба кор оғоз кард.
Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021» оғоз ёфт. Айни замон дар майдони 70-солагии водии Вахш намоиши маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат, инчунин маҳсулоти саноатӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, мақсад аз баргузории форуми тиҷоратӣ густариши муносибатҳои хориҷӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар самти содирот ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад. Ба Форуми тиҷоратии «Бохтарфуд-2021» меҳмонон аз давлатҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Эрон, Украина ва намояндагони барномаи USAID ташриф овардаанд.
Бояд гуфт, ки дар Форуми мазкур ба имзо расидани қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ, муаррифии имконоти сармоягузории вилоят ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед