Ru  | Tj
Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон: Соли 2021 дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон соли пурсамар буд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон: Соли 2021 дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон соли пурсамар буд
Акс: Интернет

Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон: Соли 2021 дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон соли пурсамар буд

Нашр шуд

Коренков, роҳбари Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон  дар мулоқот бо Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ изҳор доштааст, ки сарфи назар аз падидаҳои бӯҳронии мавҷуда, соли 2021 аз лиҳози муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барои ҳар  ду кишвар соли пурсамар будааст. Дар ин бора Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.

Манбаъ таъкид менамояд, ки  ҷониби Русия ва Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти расмӣ анҷом додаанд.

Ҳамзамон қайд мегардад, ки зимни сӯҳбат Завқизода ва Коренков масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон оид ба таъсиси корхонаҳои муштараки содиротӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар  соҳаи саноати сабук ва кишоварзиро ба баррасӣ кашидаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо таваҷҷӯҳи хосаро ба иҷроиши бандҳои протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохтаанд.

Дар вохӯрӣ атрофи масъалаи ҷалби сармояи Русия ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он ширкатҳои русӣ салоҳиятҳои баланд касб намудаанд, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки ояндадор дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки дар тӯли 11 моҳ нишондиҳандаи савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Русия зиёда аз 1,1 миллиард долларро ташкил намудааст.


Русия ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм тадобири муштарак меандешанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед