Ru  | Tj
Намояндагии Вазорати меҳнат аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки ба китобхонаву театр раванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки ба китобхонаву театр раванд
Акс: Интернет

Намояндагии Вазорати меҳнат аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки ба китобхонаву театр раванд

Нашр шуд

Ба хотири эҳтироми атрофиён дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш намудаанд, ки ба тозагии сару либос ва риш аҳамият диҳанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз муҳоҷирон хостааст, ки дар вақтҳои ғайрикорӣ ба китобхона, театр, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо ва ҷойҳои фарҳангии наздики ҷойи зисти худ рафта, фарҳанг, забон, таърих ва мероси қадимаи халқи Русияро аз худ кунанд.

Ҳамчунин, дар баёния тавсия дода шудааст, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассуси худ муҳоҷирон метавонанд ба марказҳои маданиву фарҳангӣ, касбомӯзиву ҳунаромӯзӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, мактабҳои махсусгардонидашуда муроҷиат намоянд ва аз имкониятҳо истифода баранд.

Зикр мегардад, ки шароити таҳсил намудан дар шӯъбаҳои ғоибона ва фосилавии донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи савияи дониш дастрас аст.

"Дар ҳолати надоштани имкон метавонед курсҳо ва барномаҳои мазкурро ба таври ройгон аз ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили ютубканал, инстаграмм, фейсбук, телеграмм ва вконтакте дастрас намоед", - омадааст дар муроҷиатномаи намояндагии Вазорат.

Илова бар ин, аз муҳоҷирон даъват ба амал овардаанд, ки аз тамошои навору барномаҳои хусусияти экстремистӣ дошта даст кашанд ва вақти худро ғанимат донанд.

Ҳамзамон, пешниҳод карда мешавад, ки ҳангоми баромадан ба тамошо ва сайру гашт дар хиёбонҳо бо мақсади эҳтироми атрофиён ба сару либос, мӯйлабу риш, рафтору кирдор аҳамият дода, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили метро, боғу гулгаштҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, театру синамо, бозору марказҳои савдо ва ғайра бо овози баланд сӯҳбат накунанд.

Ёдовар мешавем, ки кашидани тамокӯ ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии Русия, инчунин, гузоштани намоз ба ғайр аз ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории ин кишвар муайян намудааст, дар дигар мавзеъҳо манъ аст.




Акнун муҳоҷирон метавонанд тариқи насия ба хонаашон маблағ фиристанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед